Дар Душанбе аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматӣ дар доираи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" Кодекси техникӣ расман тасдиқ шуд.
Тавре ки Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин санад аз ҷумлаи созишномаҳои асосии лоиҳа аст: риояи Кодекси техникӣ барои ҳамгироии мувозӣ (параллелӣ)-и низомҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аҳаммияти калидӣ дорад.
Дар ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Қирғизистон Таалайбек Ибраев, вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ (тариқи маҷозӣ), директори генералии «Da Afghanistan Breshna Shirkat» доктор Абдул Бари Омар ва шарикони рушд иштирок карданд.
Далер Ҷумъа изҳор дошт, ки корҳои сохтмонии Лоиҳаи «CASA-1000» дар ду кишвар – Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расида, интизор меравад, ки соли ҷорӣ корҳои сохтмонӣ дар Покистон ба итмом расад ва ба зудӣ корҳои сохтмонӣ дар Афғонистон низ ба анҷом хоҳанд расид.
“31-уми марти соли 2025 хати интиқоли барқи 500 кВ-и «Датка-Суғд» зери шиддат гузошта шуд ва аллакай, имрӯз мо метавонем аз ин хати барқ барои манфиати мардумони кишварҳоямон истифода барем. Пешрафти назаррас дар ҳамаи чаҳор кишвар на танҳо натиҷаи талошҳои худи кишварҳо, балки натиҷаи пуштибонии пайваста ва ҳамкории созандаи ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд дар татбиқи ин Лоиҳаи стратегӣ ва минтақавӣ мебошад”, – таъкид кард Далер Ҷумъа.
Гуфта мешавад, дар охири ҷаласа аз ҷониби кишварҳои аъзои Шурои байниҳукуматии лоиҳа Протоколи ҷаласаи Гурӯҳҳои кории муштакараки кишварҳои аъзои лоиҳа, Изҳороти муштараки кишварҳои аъзои Шурои байниҳукуматии лоиҳа ва Қарордоди ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ба имзо расонида шуд.

Имрӯз, 16 май иштирокчиёни ҷаласа бо кори зеристгоҳи табодули барқи 1300 МВт дар минтақаи Сангтӯда ва НБО “Норак” шинос мешаванд.
Лоиҳаи таъминот бо барқи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) ба содироти нерӯи барқи обии зиёдатӣ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон имкон медиҳад. Нархи он 1,16 млрд доллар арзёбӣ мешавад. Дар доираи татбиқи лоиҳа 1378 километр хатти интиқоли барқ ва ду зеристгоҳи табодули барқ сохта мешаванд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, ҳамаи корҳо дар доираи ин лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистону Қирғизистон ба итмом расида, анҷоми корҳои лоиҳа дар Покистон то охири ҳамин сол дар назар аст.
Қаблан зикр гардида буд, ки Афғонистон маблағгузорӣ дар ҳаҷми 100 млн доларро дар доираи лоиҳаи CASA-1000 барои сохтмони хатҳои интиқоли барқ дар қаламрави худ интизорӣ дорад. Амалисозии лоиҳа дар қаламрави Афғонистон баъди сари ҳукумат омадани “Толибон”* ба ин кишвар дар моҳи августи соли 2023 мутаваққиф шуда буд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Марги декани пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар боздоштгоҳ баъди эълони ҳукми додгоҳ
Лағви чанд парвоз аз Тоҷикистон ба Эрон. Парвози чартерӣ тавассути Ашқобод баррасӣ мешавад
НБО Сангтуда-1: Таърифа поён, қарз бахшида, вале муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия тамдид шуд
Эълони исми ғолибони озмуни аксбардории “Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон”
Ваъдаи ним млн сомонӣ барои пайдо кардани Сабинаву Малика, ки 12 сол пеш гум шуда буданд
Қурби доллар нисбат ба сомонӣ баъди уфти чашмрас дубора боло рафт
Боздошти як гурӯҳи 5-нафара бо гумони муомилоти 180 кг маводи мухаддир
Байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ барқарор шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 1
Ба Тоҷикистон гармии шадид меояд. Дар ин рӯзҳо дар хона будан беҳтар аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста