Кӯлоб. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Шурӯъ аз оғози сол дар Кӯлоб аз ҷониби хадамоти андоз ва Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон амволи ҳабсшудаи корхонав муассисаҳо ба маблағи умумии 75 ҳазор сомонӣ фурӯхта шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» директори шӯъбаи минтақавии КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ Фахриддин Рустамов иттилоъ дод, амволи корхонаву муассисаҳо дар доираи ҷуброни маблағҳои солҳои пеш напардохтаи бақияи андоз ба буҷаҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ ба ҳабс гирифта мешаванд.

«Дар минтақаи Кӯлоб қарз аз пардохти андоз ба якчанд миллион сомонӣ баробар аст, вале якбора фурӯхтани ҳамаи амволи ҳабсшуда муяссар намегардад, зеро қисми зиёди техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ кӯҳнаву фарсуда шудааст», - - гуфт ӯ.