Милитсияи вилояти Суғд аз боздошти як марди 55-сола хабар дод, ки бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки оқибат ба марг оварда расонид, гумонбар аст.
Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи навбатии “Милитсия хабар медиҳад” аз ин мард Шарифҷон Каримбеков ном бурд, ки дар ҳолати мастӣ Ҷамъиятхон Ҷӯраеваи 46-сола, ҳамсари додарашро латукӯб кардааст.
Ҳодиса рӯзи 16-уми феврал, соати 23:30 дақиқа дар ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар манзили Шарифҷон Каримбеков, ки дар якҷоягӣ бо додараш дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекарданд, рух додааст.
Худи мард дар гузориш нақл мекунад, ки сархуш ба ҳавлӣ омад ва бо даст марҳумро тела дод, ки дар натиҷа зан афтода, сараш ба бетон зад.
Иқрори мард таҳти чӣ шароит сабт шудааст, маълум нест.
“Тавре тафтиши ҳодиса маълум намуд, муноқиша байни аъзои оила, ки дар як ҳавли зиндагӣ мекарданд, бори аввал набуда, ҳамин гуна низоъҳои характери маишидошта, таҳқир ва бадгӯи нисбати якдигар қаблан низ ҷой доштааст. Вале рӯзи ҳодиса муноқиша бо истифодаи зӯроварӣ ва латукӯб ранг иваз мекунад, ки оқибат ба содиршавии ҷинояти дараҷаи хавфнокиаш махсусан вазнин анҷомид”, - омадааст дар гузориши РВКД дар Суғд.
Ҳоло нисбати Шарифҷон Каримбеков барои расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо оқибати марг ё тибқи қисми 3 моддаи 110 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, мард дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ин банди қонунгузорӣ аз рӯи бандҳояш аз 12 то 15 соли зиндон пешбинӣ мекунад.
Назари Каримбеков, наздикон ва вакили дифои ӯ дастрас нест.
Ёдорвар мешавем, ки соли 2024 дар вилояти Суғд дар умум 1403 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аз маҷмуи ҷиноятҳо, куштор ва суйқасд ба он 27,3% зиёд шудааст.
Ба иттилои ВКД соли 2024 дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд будааст.





Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста