Пулиси Душанбе аз боздошт як ҷавони 28-сола хабар дод, ки, ба гуфтаи ин ниҳод, барои даст доштан дар қаллобӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштааст.
Раёсати корҳои дохилӣ дар пойтахт имрӯз, 14-уми апрел аз боздоштшуда Аҳмадҷон Ҳасанов ном бурда, навишт, ки ӯ “шаҳрвандонро фиреб дода, бо ваъдаи ба Амрико фиристодан аз ҳар кадоме беш аз 20-ҳазор долларӣ гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст”.
Мақомот нагуфтаанд, ки ӯ чанд нафарро "фиреб додааст". Ҳамчунин, маълум нест, ки боздоштшуда аз кай дар ҷустуҷӯ қарор дошт ва мушаххас кай дастгир гардидааст.
Ҳамчунин, назари ин ҷавон ё наздикону пайвандонаш дар робита ба ин қазия дастрас нест.
Мақомот гуфтаанд, ки ҳоло боздоштшуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот дар мавриди “кирдорҳои қаллобонаи ӯ” идома дорад.
Маълум нест, ки бар зидди ин ҷавон бо кадом модда парванда боз шудааст.
Қаблан мақомот аз боздошти чанд нафари дигар барои фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо хабар дода буданд.
Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли гузашта 22 ҳазору 315 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 996 ҳолат зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст. Миёни ҷиноятҳо қаллобӣ - 3480 ҳолат дар зинаи дуюм қарор дорад. Лекин шумори ҷиноятҳои қаллобии онлайн ва сатҳи ошкоркунии онҳо маълум нест.





Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста