То 15 шабонарӯз ҳабси маъмурии як мард бо гумони бадрафторӣ бо духтарандараш баҳси тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Корбарон иддао мекунанд, ки мақомот ба мард ҷазои сабук дод ва ӯ баъди озод шудан аз духтар ва модараш қасд мегирад.
Дирӯз, 4-уми сентябр Раёсати ВКД вилояти Хатлон хабар дод, ки Сангалӣ Ғайратов, сокини 27-солаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадониро барои бадрафторӣ нисбати духтарандараш 15 шабонарӯз ҳабс кардааст.
Ду рӯз пеш аз ин, навори шикояти духтари ноболиғ аз бадрафтории падарандараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ва боиси вокунишҳои зиёди корбарон гардида буд. Духтарча дар муроҷиати худ мегӯяд, ки падарандараш вайро ҳамроҳи модараш ва тифли хурди бемори хонавода таҳдиди куштан мекунад.
“Илтимос моро аз дасти ин одам наҷот диҳед, маст мешавад модарамро, маро ва кудаки касалии хонаамонро мезанад. Ҳам мезанад ва дашномҳои безеб мегӯяд, илтимос то бегоҳ омада баред, ки моро мекушад”,-гуфтааст духтари ноболиғ.
Маълум нест, ки ин наворро кай сабт шудааст.
Мақомот гуфтаанд, ки зимни таҳқиқи ин навор маълум кардаанд, ноболиғ аз хушунати хонаводагӣ ранҷ мебурдааст. Ба гуфтаи пулиси Хатлон, Сангалӣ Ғайратов бо модари ноболиғдухтар оила барпо карда, аз зиндагии якҷоя соҳиби як фарзанд шудааст.
“Дар доираи санҷишу таҳқиқи ҳодиса ҳукмфармо будани фазои носолими хонаводагӣ, номуросоӣ, хушунату бадрафторӣ дар муносибатҳои оиладорӣ муайян карда шуд”-навиштааст пули Хатлон.
Назари Сангалӣ Ғайратов ва модари ноболиғ вобаста ба ин қазия маълум нест.
Дар ҳамин ҳол, хабари ҳабси маъмурии ин мард бархе ҷузъиёти зиндагии ӯро барои расонаҳо ошкор кард. Аз ҷумла, як ҳамсояи ин хонавода ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бинобар сабаби он ки мақомоти пулис ба доди модари хонавода нарасидаанд, онҳо тариқи шабкаҳои иҷтимоӣ муроҷитаи хонаводаро ба мақомоти болоӣ расондаанд.
“Ҳамсояамон Файзиниссо шаш маротиба ба мақомот муроҷиат кард, ариза навишт. Шавҳараш он қадар мезанад, ки хун мепартояд. Ҳамсояҳо безор шудем, участковой гуфт, ки айби худат аст. Як нимашаб гурехт, участковий омад, гуфт, ки ту бева хоб меравӣ, мо барои ту кӯдак мекобем”,-гуфтааст ҳамсояи ин хонавода.
Ҳамсоягон нигаронӣ кардаанд, ки мард баъди озод шудан ба суроғи ин хонавода меояд ва онҳоро азоб медиҳад. Ҳамчунин, корбарон дар зери хабари Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон навиштаанд, ки мақомот ба мард ҷазои сабук додаанд ва ӯ баъди баромадан аз духтарбача ва модари ӯ қасд мегирад.
Бояд гуфт, ки масъалаи латукӯб ё хушанат нисбати кӯдакон дар Тоҷикистон солҳо доғ боқӣ мемонад. Наворҳои латукӯбу азияти ноболиғон ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд, ки боиси вокуниши тунди ҷомеа мегардад. Баъди нашри чунин наворҳо, корбарон аз мақомот сахттар кардани ҷазо нисбати озордиҳандагонро талаб мекунанд.





Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста