Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Остона нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 10-солагии таъсиси созмон бахшида шудааст, ба кор шурӯъ кард.

Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Қазоқистон, имрӯз нахуст баргузории ҷаласаи расмии Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар назар буда, сипас ба онҳо сарварони ҳайатҳои кишварҳои нозири созмон – Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон ҳамроҳ мешаванд.

Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ва президенти Туркманистон ба Остона ба сифати меҳмонон даъват карда шудаанд.

Дар нишаст натиҷаҳои фаъолияти СҲШ дар тӯли даҳ соли сипаришуда таҳлил ва дурнамои рушди минбаъдаи он баррасӣ шуда, ҳамчунин атрофи маҷмӯи масоили вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа табодули афкор сурат хоҳад гирифт. Аз рӯйи натиҷаҳои нишаст қабули Эъломияи даҳсолагии СҲШ дар Остона дар назар аст. Пас аз анҷоми нишаст раёсати созмон ба мӯҳлати як сол аз Қазоқистон ба Чин вогузор мегардад.

Ба нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона сарони кишварҳои Русия, Чин, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва аъзои ҳайатҳои расмӣ ташриф овардаанд.

Ба ҳайати СҲШ Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд. Эрону Ҳиндустон ва Муғулистону Покистон дар ин созмон мақоми кишварҳои нозирро доранд. Айни замон кишварҳои Ҳиндустону Покистон ва Эрон ҷиҳати узвият ба созмон расман муроҷиат кардаанд. Афғонистон баҳри ба кишвар додани мақоми кишвари нозир ба СҲШ муроҷиат кард.