Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ» ва «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ» баррасӣ шуд.

Ба иттилои торнамои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, лоиҳаи қонунҳо бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Ҷаласаи парлумон
Сурат аз торнамои parlament.tj

Тағйирот, аз ҷумла ба масъалаҳои таъйин ва пардохти маблағи суғуртаи иҷтимоӣ барои кумакпулиҳои корношоямии муваққатӣ ва пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои додани варақаи корношоямии муваққатӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиббию профилактикӣ дахл дорад.

Дар тағйирот барои додани варақаи корношоямии муваққатии қалбакӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Лекин маҳз чӣ гуна ҷавобгарӣ, зикр намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.