Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки мақомоти милиса ба таъмини пурраи амнияти шаҳрвандон қодир аст.

«Имрӯз мақомоти милиса тамоми дастгоҳу аслиҳаи зарурӣ ва дигар таҷҳизоти лозимиро дар ихтиёри худ дорад, то  ки амнияти шаҳрвандонро пурра таъмин намояд. Бигзор шаҳрвандони мо орому осуда бошанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои мо тамоми шароитро фароҳам оварда, моро бо тамоми таҳҷизоту лавозимоти зарурӣ таъмин кардааст»- гуфт генерал Тағоймуродов.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз кормандони мақомоти милиса бо музди меҳнати хуб таъмин буда,  шабонарӯзӣ дар ҳолати омодабошанд ва ба халадор шудани амнияти кишвар ва шаҳрвандони он роҳ нахоҳанд дод.