Сол то сол нархи қариб ҳама чиз, аз ҷумла сарулибоси мактабӣ дар Тоҷикистон боло меравад. "Азия-Плюс" қаблан дар бораи нархи сарулибос ва лавозимоти мактабӣ мақола навишта буд. Дар муқоиса бо соли гузашта нархҳо то чӣ андоза тағйир ёфтаанд?

Фарқият дар нарх назаррас аст - қариб 1,5 баробар. Нархҳо дар бозори “Корвон” соли гузашта чунин буданд:


Он замон, зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” яке аз фурӯшандагон гуфта буд, ки нархи сару либос дар бозор нисбат ба мағозаҳо як-ду сомонӣ арзонтар аст. Фурӯшандаи дигар зикр карда буд, ки ҳоло мавсими хариди либосҳои мактабӣ аст ва аз ин рӯ, нарх гарон аст, вале моҳи сентябр маъмулан тахфифҳо мешаванд.

"Ин вақт савдогарон либосу лавозимоти мактабии боқимондаашонро тахфиф мекунанд ва бо нархи дастрас ба сокинон пешниҳод мекунанд”, - гуфта буд ҳамсуҳбати мо.

Соли равон нархҳо дар бозори “Корвон” чунин аст:


Дар корхонаи “Гулистони Душанбе” соли гузашта шиму костюми мактабӣ аз 250 то 400 сомонӣ ва куртаи сафед - аз 60 то 100 сомонӣ нарх дошт.

Имсол куртаҳо дар ин ҷо аз 70 то 100 сомонӣ ва шиму костюм барои писарону сарулибос барои духтарон - 350-450 сомонӣ нарх доранд.

Нархи асбобу лавозимоти мактабӣ (канселярия) низ боло рафтааст. Агар соли гузашта дафтари 12-варақа ҳудуди 45 дирам нарх дошт, пас имсол арзиши он дар қариб ҳамаи мағозаҳои шаҳр 60 дирамро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.