Дар натиҷаи тирпаронии имрӯза, дар се мавзеи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, аз тири марзбонони қирғиз дар маҷмӯъ, 2 сарбози тоҷик кушта ва 11 тан, аз ҷумла 6 марзбон ва 5 сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол ёфтаанд. Дар ин бора аз ҷамоати деҳоти Ворух ва Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Манбаъи мо аз ҷамоати Ворух гуфт, ки сарбози 26-солаи ҳалокшудаи тоҷик, ки субҳи имрӯз, 14-уми сентябр, аз тири марзбонони қирғиз ҷароҳат бардошта буд, баъди зӯҳри имрӯз, дар беморхона аз хунравии зиёд ба ҳалокат расид.
“Яке аз кушташудагон сарбози 29-сола буд. Ӯ аз тири “снайпер”-и қирғизҳо кушта шуд. Сарбози дигари кушташуда 26-сола буд, ки баъди хатми мактаби олӣ, як сол ба хизмат ҷалб шуд ва дар натиҷаи хунравии зиёд ба ҳалокат расид. Аз 6 нафаре, ки ҷароҳат бардоштанд, 4 нафарашонро ба Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бурданд, 2 тани дигар дар беморхонаи ҷамоати Ворух қарор доранд”, - гуфт манбаъ.
Ин масъули ҷамоати Ворух гуфт, баъди зӯҳри имрӯз, 14-уми сентябр, дар ҳудуди ҷамоати Зумради Исфараи Тоҷикистон, ҳаммарз бо Қаробоғи Қирғизистон, байни сарҳадбонони ду кишвар дубора тирпаронӣ сар шуд, ки дар натиҷа, 2 сокини деҳаи Чорқишлоқ ҷароҳат бардошта ба беморхона бистарӣ шуданд.
Чанд сокини ҷамоати Чоркуҳ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки тирпарронии дуввум тақрибан соатҳои 13:30, дар мавзеи Чорқишлоқи Исфара сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ки сарҳадбонони қирғиз дар пойгоҳи сарҳадии “Достук” ба сӯи сарҳадбонони тоҷик, ки дар ҳудуди ҷамоати Зумради Исфара ҷойгиранд, тир кушоданд.
Дар ҳамин ҳол, тирпарронии сеюм дар ҳудуди ҷамоати Чоркӯҳ ҳаммарз бо “Самарқандак” - и Ботканд оғоз шудааст.
Манбаъи мо аз беморхонаи марказии шаҳри Исфара хабар дод, ки дар натиҷаи ин тирпаронӣ 3 сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.
Бино ба навиштаи расонаҳо дохилӣ, дар натиҷаи ин тирпарронии марзӣ як мошини мусофирбари масири Чоркӯҳ – Исфара низ дар роҳ зарар дидадааст.
Мақомоти расмии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи дуввум ва сеюм изҳорот надодаанд. Кӯшишҳои мо барои дарёфти иттилоъ аз шаҳрдории Исфара бенатиҷа буд.
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара дар посух ба суоли “Азия-Плоюс” дар робита ба шарҳи вазъи сарҳад кӯтоҳ посух дод, ки “вақт надорад”.
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Қирғизистон танҳо дар бораи захмӣ шудани ду сарбозаш дар минтақаи “Кех” хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, тақрибан соати 07:15, дар мавзеи наздисарҳадии “Кех”-и ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби сарҳадбонони Қирғизистон ба сарҳадбонони тоҷик ҳамла сурат гирифт.
“Аз тарафи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст”, - омадааст дар иттилоияи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 декабри соли 2025
“Дору ё хӯрок харам ё либос гирам?”. Оё нафақаи шахсони маъюбиятдошта ниёзҳояшонро бароварда мекунад?
Дар Хуҷанд 15 касро барои партофтани партов дар ҷойҳои мамнӯъ ҷарима кардаанд
Пули 100-сомонии ҷашнӣ соҳиби ҷоиза шуд. Он бо кадом тарҳ омода шуд ва чӣ бартарият дорад?
Ҷаримаи як кас барои фурӯши китобҳои мамнуи динӣ. Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки китоб аз ташхиси диншиносӣ гузаштааст?
Ғолибони озмуни “Фурӯғ...” маълум шуданд. Киҳо соҳиби “Шоҳҷоиза” ва 140 ҳазор сомонӣ гардиданд?
Бали баландтарин 496. Киҳо дар имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ҳама бали баланд гирифтанд?
Медали нуқраи намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии машшотагӣ дар Русия
Қабули асарҳо барои дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ оғоз шуд. Киҳо метавонанд асар пешниҳод кунанд ва талабот чӣ гуна аст?
“Сари роҳи тобутро гирифт”. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи як мард барои даъво дар ҷанозаи ҳамдеҳааш
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста