Имрӯз, 14 сентябр, дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон даҳҳо занону духтарони афғони муқими Тоҷикистон бар муқобили амалкарди “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар Афғонистон, дахолати Покистон ба вазъи ин кишвар ва ҳамрайъи ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер гирдиҳамоӣ баргузор карданд.
Зиёда аз 200 зану духтари афғони муқими Тоҷикистон дар даст шиорҳои “Садои мо дарду ғами мардуми моро ба Афғонистон нишон медиҳад”, “То вақте ки ҳуқуқи занон риоя нашавад, мо ором намешавем”. “Мо озодӣ мехоҳем”. “Зинда бод Афғонистон!” “Зинда бод Аҳмади Масъуд”, “Зинда бод Ҷабҳаи муқовимат”. “Таҳсил ҳаққи мост”, “Кор ҳаққи мост”, “Марг ба терроризм”, “Аз байрақи серанги худ дифоъ мекунем”, “Мо озодӣ мехоҳем” ва ғайра доштанд.
Онҳо аз созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хостанд, ки садои онҳоро шунаванд, ба мардуми Афғонистон кӯмак намоянд, ҳукумати навтаъсиси “Толибон”- ро эътироф накунанд ва аз Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳимоят намоянд.
Ба гуфтаи онҳо, шинохтани Аморати исломӣ дар Афғонстон, ки аз ҷониби “Толибон” таъсис шудааст, ба расмият шинохтани терроризми байналмилалӣ аст ва ҳар касе, ки онҳоро ба расмият мешиносад, ҳомии терроризм аст.
Тазоҳуркунандагон баъди он ки парчами серангаи Афғонистонро ба толори тазоҳурот ворид карданд, ҳудуди 10 дақиқа бо садои “Марг ба Толибон” “Марг ба Покистон”, “Зинда бод Афғонистон!” “Зинда бод Ҷабҳаи муқовимат” “Мо адолати иҷтимоӣ мехоҳем” эҳсос ва ҳамрайъии худро ба мардуми кишвари худ баён карданд. Эътирози онҳо бо сароҳат ва доманадор садо медод ва онҳо бо ҳайаҷон бар зидди “Толибон” ва Покистон, ки ба гуфтаи онҳо, яке аз сарпарастони “Толибон” аст, садо баланд мекарданд. Ҳатто кӯдакони афғон ба калонсолон ҳамовоз мешуданд.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар аз баёни эҳсоси эътирозгарон дастгирӣ намуд ва гуфт, ки ҳоло чунин тазоҳурот дар Афғонистон аз ҷониби “Толибон” бо гулӯла посух дода мешавад.
- “Толибон” омода нестанд, ки як ҳукумати милливу фарогир барои фардои Афғонистон эҷод кунанд. Онҳо ба қавонини байналмилалӣ ва миллӣ эътиқод надоранд. “Толибон” арзиши зан-модарро намедонанд. Хонумҳои адолатхоҳи афғонистонии мо вақте, ки фарёд сар мекунанд, мехоҳанд, ки дӯш ба дӯши бародарони худ дар сохтори Афғонистони навин саҳим бошанд. Онҳо мехоҳанд, ки дар садорати ҳукумати мутобиқ ба қавонони исломӣ кор кунанд. Онҳо мехоҳанд, ки ҳаққи ҳуқуқашон на дар шиор, балки дар амал вуҷуд дошта бошад”, - гуфт сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.
Ӯ дар идома гуфт, ки он кабинае, ки имрӯз “Толибон” дар Афғонистон ташкил кардаанд, бояд дар як мадрасаи исломӣ ба вуҷуд биёяд, на дар як низоми демократӣ. Чунки гуфт ӯ, ин мутахассисон аз дин ба шакли дурусташ огоҳӣ надоранд ва наметавонанд, ки мошини бузурги ҳукуматдориро чархонанд.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар охир изҳори умедворӣ кард, ки Афғонистон як бори дигар лонаи терроризм намешавад, “минтақа ва ҷаҳон мутаваҷҷеҳ бошанд, ки ин дард оҳиста - оҳиста дучори дигарон ҳам мешавад”.
Баъди ин, баёнияи занони афғони муқими Тоҷикистон садо дод ва гуфта шуд, ки ин баёния ба созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври хаттӣ ирсол хоҳад шуд.
Дар баёния гуфта мешавад, ки “Толибон” хоҳони ҷудоии занон ва мардон дар ҳавзаи умумии ҷомеаанд ва мардуми Афғонистон сулҳро дар шиорҳо намехоҳем, балки аз воқеияти вуҷуди он истиқбол хоҳанд кард.
Бештари иштирокдорони эътироз дар суҳбат бо “Азия плюс” гуфтанд, аз ояндаи кишварашон ва зулми “Толибон” нигаронанд ва дахолати Покистон дар умури Афғонистонро маҳкум мекунанд.
Зуҳро Наҷовӣ, яке аз тазоҳуротгарон гуфт, ки тазоҳуроти онҳо идомаи тазоҳуроти занон ва духтарони Афғонистон бар муқобили зулми “Толибон” аст.
- Толибон” мехоҳанд ки занони Афғонистонро аз ҳуқуқи сиёсиашон маҳрум созанд. Занон хушунати бузургро дар Афғонистон пушти сар мекунанд. Мо бо тазоҳуроти худ мехоҳем, ки садои моро ҳамватанони ҷигархунамон бишнаванд,- гуфт ин муҳоҷири афғонӣ.
Мавсуф аз ҳамдардиву ҳамшарикии Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон ва иҷозаи баргузории ин тазоҳурот изҳори хушнудӣ кард ва гуфт, ки дар аввал ин тазоҳурот бояд дар пушти дарҳои СММ ва сафорати Покистон дар Тоҷикистон баргузор мешуд, вале дар охир, ба хулосаи масъулини сафорат интихоб сари дохили сафорат қарор гирифт.
Раиси Анҷумани занони муҳоҷири Афғонистони муқими Тоҷикистон Малолай Ҷавод, ки баёнияи имрӯзаи занони муҳоҷири Афғонистон дар Тоҷикистонро қироат кард, зимни суҳбат бо мо гуфт, ки ҳадафи гирдиҳамоӣ ба гӯши ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани овози занон ва дар маҷмӯъ, мардуми Афғонистон аст.
– Занони Афғонистон, дар фазои ноамн зиндагӣ мекунанд. Ҳатто дар хонаҳои худ эҳсоси амният намекунанд. Агар аз ҳаққи худ дифоъ кунанд, ҳатман зиндон ва ё ҳатто қатл мешаванд. Аз ин рӯ, мо хостем ки ҳадди ақал садои занҳои афғонро ба ҷаҳониён расонем, таваҷҷуҳи онҳоро ба занони Афғонистон ҷалб кунем,- изҳор дошт Малолай.
Аташеи фарҳангии Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон Ораши Бориз гуфт, дар ҳамоиш чанд мавзӯъ қоибили баҳс буд: баҳси ҳуқуқи занон ва ҷойгоҳи занони Афғонистон дар ҳукумати “Толибон”; нигоҳи дунё ба падидаи “Толибон” ва нашунидани фарёди тамоми занони Афғонистон аз ҷониби онҳо; баррасӣ ва таҳлили таҳовули фарҳангӣ дар Афғонистон.
- Мо мехоҳем бубинем, ки ин парадокс дар дохили Афғонистон чӣ тур қобили татбиқ аст. Мо чӣ тур метавонем, ки аз як тақобули фарҳангӣ ба як таомули фарҳангӣ гузарем. Ин ҳам дар шароите, ки тамоми дунё тамаддунро ташвиқ мекунанд, вале “Толибон” дар пайи нобудии он дар Афғонистон ҳастанд, - гуфт Ораш.
Ӯ гуфт, тазоҳуроти имрӯза худҷӯш буд ва баргузоркунандаи ин ҳамоиш худи занони муқими Тоҷикистон буданд.
Ӯ дар посух ба суоли он ки оё воқеан, садои онҳо ба гӯши ҷомеаи ҷаҳонӣ расонида мешавад, гуфт, ки инро вақт нишон хоҳад дод.
- Ин садо садое нест ки ором шавад. Занони Афғонистон асоратро намепазиранд. Дар тӯли 20 соли охир занони афғон аз ҳуқуқи худ хуб огоҳ шуданд ва фаҳми иҷтимоӣ доранд. Занони Афғонистон по ба по, шона ба шонаи мардони Афғонистон ҳаққи мусовӣ доранд ва барояш мубориза мекунанд, - гуфт Ораши Бориз.
Тазоҳуроти занони афғони муқими Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳам дар дохили Афғонистон ва ҳам берун аз он мавҷи эътирози афғонҳо бар муқобили “Толибон” зиёд садо медиҳад. Онҳо аз амалкарди “Толибон” норозигӣ мекунанд ва даъво доранд, ки “Толибон” на танҳо ҳуқуқи занонро поймол мекунанд ва ба онҳо ҳаққи кор ва таҳсилро намедиҳанд, балки ба қатли омаавӣ даст мезананд. Эътирозгарон мехоҳанд, ки садои худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бирасонанд. Дар пайи тазоҳуротҳо дар мавриди тир холӣ кардан ба сӯи эътирозгарон аз сӯи нерӯҳои "Толибон" хабарҳо мерасад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста